image

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ОМӮЗГОРОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range04.10.2025, 07:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye6

3 октябр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар толори меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” чорабинии идона ба муносибати Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли маорифу маърифат, яъне омўзгорон ҳамеша тадбирҳои амалӣ андешида, чорабинии мазкур давоми мантиқии иқдомоти мазкур ба шумор меравад.

Дар маросими ифтитоҳи расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим баромад намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон табрику шодбош гуфта, дар иҷрои рисолати муқаддасу пурифтихори тарбиятгарӣ барору комёбиҳои тоза ва саодату сарбаландиро таманно намуд.

Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатдориву давлатсозияшон соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, онро ҳамчун соҳаи афзалиятнок маънидод намудаанд.

Воқеан ҳам, аҳли маориф, ба хусус устодону омўзгорон ба туфайли таълиму тарбия ва ирсоли донишу маърифату заковат аз насл ба насли дигар барои нигоҳ доштани асолат ва покии забон, хирад, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ заҳмат кашида, барои ба камол расонидани насли бедорфикру босавод, ватандӯсту худогоҳ ва пешоҳангу бонангу номус саҳми бесобиқа доранд, ки ин рисолат касби онҳоро дар ҳақиқат пурифтихор ва бошараф гардонидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи хеш дар соҳаи иҷтимоӣ, ба хусус дар соҳаи маориф ташаббусу иқдомҳои беназирро рӯи кор оварда, бо бунёди муассисаҳои нави таълимии замонавӣ, дар баробари фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ, таваҷҷўҳи асосиро ба таъмини муҳити созкори кору фаъолият барои омўзгорон равона месозанд, ки ҳамагон шоҳиди ҳол мебошем.

Дар идома, ба 193 нафар мураббиёну омӯзгорони пойтахт, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, бо мукофоти пулӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ барои ҳар кадоме дар ҳаҷми 3000 сарфароз гардонида шуданд.  

Дар фарҷом барномаи бошукуҳи фарҳангии саршор аз суруду таронаҳои дилнишин баҳри ҳозирин тақдим гардид.