image

ЭЪЛОН: интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

date_range16.10.2025, 14:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе

аз 02 майи соли 2025, №252

«Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоии шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026»

Бо мақсади иҷрои корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ дар шабакаҳои обтаъминкунӣ, ки аз ҷониби КВД “Обу корези Душанбе” ба роҳ монда шудаанд, интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Мӯҳлат:

аз соати 23:00 рӯзи 16 октябри соли 2025

то соати 23:00 рӯзи 17 октябри соли 2025

Минтақаҳои зерин бе оби нӯшокӣ хоҳанд монд:

ноҳияи Сино – кӯчаҳои 9, 11, 12, 13, 14, 15А, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, маҳаллаҳои Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободии боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Шараф, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучобӣ боло ва поён, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннахр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Зафар, Ҷавлибои, Гиҷдалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Аз сокинони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки обро пешакӣ захира намоянд, то дар давраи таъмирӣ аз норасоии оби нӯшокӣ дучор нагарданд.