image

Дар ноҳияи Шоҳмансур мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти "Тӯби чармин-2025" оғоз гардид

date_range21.10.2025, 14:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye5

Дар доираи нақшачорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти “Тӯби чармин-2025” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии ноҳия оғоз гардид. 

Дар маросими кушодашавӣ масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон, шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва масъулини дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки мусобиқаҳои варзишӣ миёни наврасон на танҳо барои ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунанд, балки дар таҳкими дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии ҷавонон нақши муҳим доранд. 

Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сурат гирифта, ба рушди футбол дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ такони ҷиддӣ мебахшад. 

Масъулини соҳа иброз доштанд, ки тавассути мусобиқаи “Тӯби чармин” ҷавонписарони болаёқат имкони худро дар арсаи футбол нишон дода, метавонанд ба дастаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳ ёбанд.

Ғунчагул Нурализода

"ТВ Душанбе"