	Мулоқоти судманд бо хонандагон
 Дар асоси нақшачорабиниҳои мавҷуда пайваста аз ҷониби вакилони шаҳриву ноҳиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулокоту вохӯриҳои судманд ташкилу баргузор карда мешавад. Зимнан бо ташаббуси Комиссия оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррпусия ва маводи нашъаовари Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар толори МТМУ №8 мулоқот бо омӯзгорону хонандагон баргузор шуд.

Дар раванди чорабинӣ вакилон, намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва масъулини МИҲД-ии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ширкат намуданд. Дар раванди ин чорабинӣ масъалаи татбиқи Қонунуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Ин ҳамоиш зери унвони Қонунуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак”-заминаи ҳуқуқии ташаккули шахсияти соҳибмаърифат ва ватанпарвар” ҷараён гирифт.
Ширкатдорон зимни баромади худ доир ба масъалаҳои муҳимми ин самти таълим ва тарбия андешаронӣ намуданд. 
Ҷойи зикр аст, ки илова ба машғулиятҳои барномавию таълимӣ, ташкили чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифат дар донишу ҷаҳонбинии хонандагон заминаи мусоид фароҳам менамояд. 
Саодат Тоирӣ 
"ТВ Душанбе"
Тақвим
| « Ноябрь 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс | 
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS

 Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ