image

Имрӯз дар пойтахти мамлакат Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2025" оғоз гардид

date_range13.11.2025, 12:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye24

 Аз 13 то 15 ноябри соли ҷорӣ дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе Намоишгоҳ - ярмаркаи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон - 2025» баргузор мегардад.

Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони беш аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Чин иштирок доранд.

Намоишгоҳи «Тоҷикистон - 2025» универсалӣ буда, дар як майдон намояндагони бахшҳои мухталифи саноат, тиҷорат ва хизматрасониро гирди ҳам овардааст.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"