image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ

date_range27.11.2025, 09:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye20

 Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа таъмини иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ доир ба Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода гардидани заминҳои кишоварзӣ, таъмини иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, барои ҳосили соли 2026 хусусан кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ, ворид намудани ҳисоботҳои оморӣ, низоми идоракунии электронӣ дар соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ислоҳи камбудиҳо ва иҷрои дастуру ҳидоятҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.