image

Тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар "Телевизиони Душанбе"

date_range16.12.2025, 12:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye73

16 декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки он тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман манзури бинандагон гардонида шуд.  
Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" раванди ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд. 
Тавре сарвари давлат таъкид намуданд: "даромади аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир 6 баробар афзуд. Дар соли 2015 даромади аҳолӣ 26 миллиард сомонӣ буд ва соли 2025 ин нишондиҳанда ба 165 миллиард сомонӣ расид". 
Пешниҳоди ин нишондод гувоҳи он аст, ки рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа дар мамлакат таъмин гардидааст. 
Кормандони "Телевизиони Душанбе" нишондодҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш менамоянд, ки барои татбиқи он саҳми назаррас гузоранд.