Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ
Ҳамасола ироа гаштани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ рӯйдоди муҳим буда, дар он баробари таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳо, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас баҳри расидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар гузошта мешавад.
Дар Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Аблуқосим Лоҳутӣ бо иштироки роҳбарияту кормандони китобхона, аҳли зиё, донишҷӯён ҳамоиш доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш баромадкунандагон таъкид намуданд, ки Паёми Президенти кишвар ҳамчун барномаи стратегии рушди давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро муайян намуда, барои пешрафти устувори кишвар роҳнамои муҳим ба ҳисоб меравад.
Бо ишора ба нишондодҳои Паём ба масъалаҳои рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани мақоми китобхонаҳо, дастгирии соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Меҳринисо Рауфова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ