image

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти кишвар

date_range17.12.2025, 15:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye38

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти кишвар» ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид. 
Дар раванди ҳамоиш олимону донишмандон ва масъулини сохторҳои ҲХДТ иштирок намуданд.  
Дар оғози ҳамоиши “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти кишвар» иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. 
Ҳамзамон аз ҷониби ширкатдорон таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун дастури роҳнамо барои ҳама сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё хизмат мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими рушди илм, маориф, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи хосса доранд.   

Раҳими Карим 
"ТВ Душанбе"