image

БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР:  ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ "КАДБОНУИ БЕҲТАРИН"

date_range06.03.2026, 19:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

6 март дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф Асомиддин Бобозода ва директори Муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ дар ноҳияи Шоҳмансур" Акбар Ҳурматзода озмуни ноҳиявии "Кадбонуи беҳтарин" ба муносибати Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар озмун духтарони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ширкат варзида, аз рӯйи 10 номинатсия ҳунару маҳораташонро дар назди ҳайати ҳакамон намоиш доданд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани мақоми Модар дар ҷомеа, тарбияи ахлоқи ҳамида ва одоби хонаводагӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ дар байни хонандагон, тарбия ва эҳтиром ба Модар, рушди фарҳанги оиладорӣ, ҳунарҳои миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ташкил ва баргузор гардид.
Ғолибони озмун бо диплом, сипоснома, ва туҳфаҳои хотиравӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ қадрдонӣ карда мешаванд.