image

Дар Кӯдакистони №59-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ машварат доир гардид

date_range19.10.2022, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257

Ҷиҳати ошноӣ аз раванди таълиму тарбия бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Кӯдакистони рақами 59-и ноҳия машварат доир шуд.

Дар кори он роҳбарияти шуъбаи маориф, мутахассисони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва мудирони кӯдакистонҳои ноҳия ширкат варзида, аз ҷараёни машғулияти мураббиёни ин муассисаи томактабӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Дар ин доир аз ҷониби мутахассисони соҳаи педагогӣ ба мураббиён ва раҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ дастурҳои муфид пешниҳод шуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи силсилаи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия ин гуна машғулият ҳафтае як маротиба дар кӯдакистонҳои ҳудуди ноҳия баргузор мегардад.