image

Даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ифтитоҳ гардид

date_range27.10.2022, 09:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye314

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор мегардад. Бо ин мақсад даври ноҳиявии он дар ноҳияҳои пойтахт шурӯъ гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия ва иштирокчиёни даври ноҳиявии озмун иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.