image

Маҳфили маърифатӣ ба муносибати фаъолияти эҷодии нависанда Бароти Абдураҳмон

date_range27.10.2022, 16:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye325

Ба муносибати фаъолияти эҷодии нависанда Бароти Абдураҳмон дар толори калони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили маърифатӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин тадбир роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли зиёи кишвар, инчунин дӯстдорони адабиёту ҳунар ширкати фаъол доштанд.

Ҷойи таъкид аст, ки нависанда дар таҳияи як зумра асарҳои пурмуҳтаво саҳм дошта, осораш миёни адабиёти мо мавқеи хоса дорад.

Инчунин зикр рафт, ки нависанда Бароти Абдураҳмон дар офаридани чеҳраҳои таърихӣ ва осори гаронбаҳои таърихӣ саҳми шоён доранд.

Дар маҳфил аз ҷониби адибону муҳаққиқон паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти эҷодии нависанда муаррифӣ гардид.