image

Рӯзи дуюми баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

date_range06.12.2022, 19:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye212

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид.

Дар рӯзи дуюми баргузории даври ниҳоии озмун аз номинатсияи эҷоди назму наср 50 нафар иштирокчӣ-ғолибони даврҳои шаҳриву вилоятӣ ва минтақавӣ ширкат намуданд.

Ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Бояд қайд кард, ки иштирокчиён барои сабқат дар толорҳои алоҳида, ки барои ҳар як номинатсияи чорабинии мазкур омода гардидаанд, дар назди аъзои ҳакамрон маҳоарту малакаи худро нишон дода истодаанд.

Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи номинатсияи - «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик» дар толори ошёнаи 9, номинатсияи - «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик» дар толори ошёнаи 2, номинатсияи - «Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик» дар толори ошёнаи 1, номинатсияи - «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон» дар толори ошёнаи 1 ва аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо-Шоҳҷоиза дар толори ошёнаи 3 баргузор гардида истодааст.