Ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Рӯзи сеюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷараён дорад.
То ин рӯз тибқи ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ донишу маҳорати худро пешниҳоди аъзои ҳакамон гардониданд.
Давоми 3 рӯзи баргузории озмун донишу маҳорати иштирокчиён аз рӯи номинатсияи кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ 29 нафар довталаб ва аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ донишу малакаи 19 нафар довталаб аз ҷониби аъзои ҳакамон санҷида шуд.
Аз 8-ум то 11-уми декабр дар асоси ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ, рӯзҳои 11-12-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, рӯзҳои 13-15-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва 16-уми декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза донишу маҳорат ва истеъдоду малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд.
Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар доир баргузор мегардад.
442 нафар иштирокчӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 83 нафар донишҷӯён, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзида то 16-уми декабр барои дарёфти Шоҳҷоиза ва мақомҳои ифтихорӣ рақобати илмию эҷодӣ мекунанд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ