Барномаи ҷашнӣ таҳти унвони "Идонаи Лабханди ҷавонӣ" дар толори Кохи Суруш
Ба муносибати 5-солагии таъсисёбии Гурӯҳи "Лабханди ҷавонӣ" ва 15-солагии фаъолияти эҷодии ҳаҷвнигори ҷавон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи мазкур Сиявуш Бердизода дар толори Кохи Суруш барномаи ҷашнӣ таҳти унвони "Идонаи Лабханди ҷавонӣ" баргузор гардид.
Маҳфили мазкур бо ташаббус ва сарпарастии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, гурӯҳи мазкур дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол пеш таъсис ёфтааст. Ҳоло фаъолияти гурӯҳ дар назди Академияи идоракунии давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар барномаи мазкур муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини роҳбари дастгоҳи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунармандон, сарояндагон ва дустдорони ҳаҷв иштирок доштанд.
Зимни суханронии хеш намояндагон аҳли гурӯҳро ба ин мувафақияти калон табрику таҳният намуда, дар фазои тантанавӣ ба роҳбари Гурӯҳи "Лабханди ҷавонӣ" Сиявуш Бердизода нишони сарисинагии "Барои ҳамкорӣ" аз ҷониби ВКД тақдим карда шуд.
Дар маҳфил сарояндаҳои шинохтаи кишвар низ иштирок ва барои болидагии ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд.
Дар барнома беҳтарин саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва тақлидҳо намоиш дода шуд, ки хотири ҳамагонро шод намуданд. Мавзӯи саҳнаҳо бозгӯкунандаи мушкилиҳои имрӯзаи ҷомеа буд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ