image

Вохӯрии навбатии МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Обчакорон 1, 2 ва Шайнак

date_range27.12.2022, 10:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye288

Таълиму тарбияи дурусти фарзандон, маданияти шаҳрнишинӣ, риояи қонуну қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии хурофотпарастӣ, фарҳанги бегона, ҷалби ҷавонон ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз мавзуҳое буданд, ки дар мулоқоти навбатии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Обчакорон 1, 2 ва Шайнаки ноҳия, матраҳ гардид.

Дар мулоқот иброз гашт, ки ҳар як сокини кишварро зарур аст, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳамаҷонибаи Қонунҳои қабулгардида саҳмгузор бошанд. Падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин рӯз аз рӯз авҷ гирифтани гуруҳҳои ифротгаро мебошанд, ва бештар ҷавононро ба ин роҳ мебаранд. Дар ин замина бо такя ба суханҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки ҳар як сокини бомаърифати кишвар алалхусус ҷавонон бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гуруҳҳо шомил нагардад ва бо масъулияти баланд барои ояндаи хеш саҳми арзанда гузорад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки тозагиву озодагӣ аз масъулияте ҳаст, ки ҳар сокин бояд пайи он пайваста дар талош бошад.

Ҳамчунин доир ба арзишҳои фарҳангӣ низ сухан рафт. Иброз гардид, ки ҳамчун арзиши олии фарҳангӣ ба забони модарӣ ҳар як шаҳрванд бояд эҳтироми хоса дошта бошад ва онро поку беолоиш нигоҳ дорад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"