image

Фаъолияти ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар соли 2022 зимни нишасти хабарӣ натичагирӣ карда шуд

date_range02.02.2023, 10:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye227

1-уми феврал нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти илмӣ-таълимӣ, робитаҳои хориҷӣ, иқтисодӣ-хоҷагидорӣ ва дигар самтҳои муҳим дар соли 2022 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти донишгоҳ ва дигар сохторҳои марбута дар самти омода намудани мутахассисони муҳандисӣ – техникӣ ва беш аз 20 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 мухтасар сухан намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - Устохонаи Лубан дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бунёд шудааст.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» 5 озмоишгоҳҳои таълимиву илмии муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода дар идомаи нишасти матбуотӣ иброз намуд. Аз ҷумла, «Озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии чопи 3D (Cezeri Lab)», «Озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон», «Озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ», «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Коргоҳи Лубан» ва «Маркази омӯзиш оид ба асосҳои бехатарии истеҳсол ва истифодаи балонҳои оксиген» ба истифода дода шуданд», -илова кард ректори донишгоҳ.

Озмоишгоҳҳои мазкур бо ҷалби лоиҳаҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо беш аз 100 нафар устодони донишгоҳ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин соли сипаришуда дар донишгоҳ 5 Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои марбута ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки фарогири 13 ихтисоси PhD ва 13 ихтисоси илми анъанавӣ мебошанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"