image

Мулоқоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон ва хонандагон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт

date_range03.02.2023, 11:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye227

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои махсуси Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии содиркунии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва баррасии роҳҳои ба илму дониш раҳнамун сохтани ин қишри ояндасози ҷомеа дар бинои МТМУ №12 ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, расиони кумитаи маҳалл ва фаъолони ҷомеа мулоқоти судманд доир гардид.

Дар вохӯрии навбатӣ, ки дар толори МТМУ №12 ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, расиони кумитаи маҳалл ва фаъолони ҷомеа доир гардид, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати Вазоарти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Исмоили Сомонӣ ва сардорони Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳамзамон намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ширкат ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии хеш хозирин таъкид намуданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба масъалаи тарбияи Ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтаанд, то барои илмомӯзии наврасон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар идома дигар иштирокдорон қайд намуданд, ки тарбияи насли наврас аз оила оғоз гардида, дар муассисаҳои таълими рушду такомул меёбад. Ноқисиҳо дар тарбияи кӯдакону наврасон пеш аз ҳама аз оғӯши оила ибтидо мегиранд. Волидайн бештар банди ташвишҳои рӯзгордорӣ гашта, ба кӯдакони худ, ва рафтору кирдори онҳо кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва аксаран кӯдаконро камтар назорат мекунанд. Гурӯҳи дигари волидайн тарбияи кӯдакро вазифаи махсуси мактабу омӯзгорон медонанд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештар беназоратию ҷинояткорӣ миёни ноболиғон берун аз соатҳои дарсӣ рух медиҳанд.

Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур миёни ширкаткунандагону маърӯзачиён саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"