Фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ
Бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, нигоҳдории китоб, китобдӯстӣ, завқи эстетикии хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо дар ҳама муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт китобхонаҳо таъсис ёфтаву фаъолияти пурсамар доранд. Чунин як китобхона, ки бо шароитҳои зарурӣ таъмин асту хонандагон аз он васеъ истифода менамоянд, китобхонаи дохилимактабии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и н.И.Сомонӣ мебошад.
Тӯли ду сол аст, ки озмуни Китобхонаи беҳтарин амал мекунад ва дар ин муддат ба китобу китобдори диққати ҷидди дода шуда, китобхонаҳо бо шароити муосир фаъолият доранд. Баргузории озмуни Китобхонаи беҳтарин барои дасрасии бештар ба китоб ва зиёд кардани шумораи китобҳо, ҳамчунин нигоҳдошти осори адибони классику муосир заминаи хуб мегузорад. Китобхонаи ин муассиса соли гузашта дар ин озмун ҷойи намоёнро ишғол кардааст.
Китобхонаи мазкур лаҳзае бе хонанда нест, чун ҷадвали махсусе тартиб дода шудааст, ки хонандагон аз руйи синф ба китобхони машғул мешаванд. Ҳамчунин ҳар хонанда таассуроти бардоштаашро менависад ва баҳо мегирад.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба китобу китобдорӣ пайваста аст. Ҳамин аст, ки ҳамасола озмунҳои гуногун вобаста ба китобхонӣ ташкил карда мешавад. Бо шарофати ин дар замони истиқлолият китобу китобдории тоҷик ҳамчун соҳаи мустақил бемайлон рушд намуда истодааст.
Аз қадим миллати тоҷик бо китобу китобдорӣ ва илму фарҳанг шуҳратёр гардидааст ва ин раванд ҳоло низ идома дорад. Шумораи зиёди муассисаҳои фарҳангӣ ва китобхонаҳо нишонаи возеҳи ин гуфтаҳост. Дар самти китобдори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и н.И.Сомонӣ ҳам саҳми бештар дорад. Тибқи иттилоъ дар китобхонаи ин муассиса зиёда аз 1035 китоб маҳфуз аст.
Хонандагони муассисаи мазкур ҳамаруза аз ин махзани илму маърифат ба таври васеъ истифода бурда, қобилияти зеҳнии худро бой мегардонанд. Ҳамчунин маҳфилҳои зиёде амал мекунанд, ки барои омода кардани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид мегузоранд. Бояд гуфт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти китобхон гардидани ҷомеа корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Далели ин гуфтаҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» мебошанд, ки бевосита таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсил ва шаҳрвандони мамлакат доир карда мешаванд.
Дар самти китобхониву китобдори миёни халқиятҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи бештар равона гардидааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад. Дар оммавигардонии рӯзи тақдими китоб кормандони китобхонаҳо, нашриётҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон фаъол мебошанд. Дар ин доира 1 августи соли 2003 Қонуни ҶТ дар бораи фаъолияти китобдорӣ қабул гардид, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, барои дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ