image

ҶАЛАСАИ НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range24.02.2026, 21:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye2

Санаи 24 феврали соли ҷорӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30.01.2026 сол, №67 дар бораи таъсиси “Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо” ҷаласаи назди муовини Раиси шаҳри Душанбе, ҳамзамон, раиси Комиссияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо Саломзода Раҳмидин Салом бо иштироки аъзоёни Комиссия доир гардид.

Дар ҷаласа, Нақшаи кори Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо барои соли 2026 дар шаҳри Душанбе мавриди барраси қарор дода шуд.

Саломзода Раҳмиддин зимни баромади худ иброз намуд, ки ҳадафи асосии Комиссия ин коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиёт, пешгирии талафоти ҷонӣ ва таъмини муҳити бехатар барои сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад. Аз ин лиҳоз, мо аъзои Комиссияро мебояд дар асоси нақшаи тасдиқгардида барои соли 2026, фаъолиятро ба роҳ монда ҳар се моҳа вазъи садамаҳоро мунтазам таҳлил намуда, доир ба муайян ва бартарафсозии нуқтаҳои садаманок, таъмиру азнавсозии роҳҳо, навсозии аломатгузорӣ ва чароғакҳо, васеъ намудани шабакаи камераҳо ва таҳлили рақамии қоидава-йронкуниҳо ба коҳиши омилҳои хавф, пешгирӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода, машқҳои муштараки наҷотдиҳӣ, таҳияи нақшаи вокуниши фаврӣ, гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ, баргузории аксияҳои ҷавонон, назорати бехатарӣ дар чорабиниҳои оммавӣ, омӯзиши ёрии аввалия ва мунтазам ба роҳ мондаи маъракаҳои иттилоотӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Таъкид гардид, ки иҷрои босифати Нақшаи соли 2026 аз масъулиятшиносӣ, ҳамоҳангӣ ва назорати қатъии ҳамаи мо вобаста аст. Мо бояд фаъолиятро дар ин самт дучанд ба роҳ монем, то шаҳри Душанбе ба шаҳри бехатар барои ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон табдил ёбад. Аз ин рӯ, роҳбарони сохторҳои дар Комиссия аъзобударо мебояд, ки иҷрои бандҳои нақшаро зери назорати доимӣ қарор дода, ҳисоботҳоро тибқи тартиби муайянгардида сари вақт пешниҳод намоянд.