image

Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

date_range07.12.2022, 15:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye447

Дар идомаи тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «28-соли талошҳо барои пешрафт ва ободии ватан» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид. Имсол, аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол пур гардид.

Ин рӯз барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи таърихист. Бахшида ба ин санаи муҳим дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони КИМ ҲХДТ, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳр ва ноҳияҳои он ва сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ иштирок доштанд.

Сараввал раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе суханрони карда, ҳозиринро ба 28-умин солгарди ҲХДТ табрику таҳният гуфт.

Қайд гардид, ки Маҳаки асосии фаъолияти ҲХДТ-ро хизмат ба халқ ва ормонҳои миллӣ ташкил дода, тӯли 28 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳалаҳои неку арзанда расонид”. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии кишвар собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳурмандони саршиноси кишвар барномаи рангини консертӣ баргузор гардид.