image

Таҷлили «Рӯзи Модар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ

date_range07.03.2023, 22:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye271

Зан-модар маҳзари ишқу покизагӣ ва олиҳаи ҳусну малоҳат аст. Ҳамин аст, ки дар кишвар ба мавқеи занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар доираи тантанаҳои идона бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии тантанавию фарҳангӣ доир гардид.

Нахуст роҳбарияти ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар ҷамъомади идона баромад намуда, саҳми занонро дар пешбурди бахшҳои ҷомеа, фаъолияти занони роҳбар ва саҳми онҳо дар таълиму тарбияи насли наврасро назаррас арзёбӣ намуданд. Дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдории Душанбе ба мақому мартабаи занон дар ҷомеа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ ба кору фаъолияти бонувон дар сохторҳои ноҳиявӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, дастгирии онҳоро аз афзалиятҳои кори худ қарор додаанд.

Дар идома масъулини дигари ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нақши занонро дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму чашмрас маънидод намуданд. Тавре таъкид шуд имрӯз дар тамоми соҳаҳо дар вазифаҳои гуногун занон дар баробари мардон фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми назаррас гузошта истодаанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳиияи Фирдавсӣ қисми зиёди муассисаҳои мактабӣ ва ҳамаи муассисаҳои томактабиро занон роҳбарӣ менамоянд. Зиёда аз 75 фисади кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ аз ҳисоби занон будааст. Аз 37 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 13 нафари онҳо занони фаъолу соҳибтаҷриба мебошанд.

Дар идома бо эътимоду боварӣ ба фаъолияти занон дар ноҳия ва кадрдонии хизматҳои шоёни эшон аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолзанони ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ низ тақдим карда шуд.

Намоиши фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони фаъол, ки бо ибтикори сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ташкил гардида буд, идомабахши ин чорабинии идона гардид.

Баргузории баномаи рангини фарҳангӣ барои бонувони ноҳия маҳз таваҷҷуҳу эътимод нисбат ба кору фаъолияти онҳо мебошад, ки бо шаҳомати хоса пешниҳод гардид.