“МОДАР - ФУРӮҒИ МЕҲР”: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 07.03.2023. Имрӯз ба ифтихори "Рӯзи модар" бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Кохи Суруш барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Модар – фурӯғи меҳр” доир гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ бонувону модарон, фаъолзанон, кормандони сохторҳои гуногуни ҷумҳуриявию шаҳрӣ дар маҷмуъ намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одлзода Дилбар Раҳим баромад намуда, ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад, Паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба тамоми модарону бонувон ва ҳамватанон расонида, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд.
Тавре зикр гардид, модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд. Ҳамзамон рисолати модар дар пос доштани фарҳангу адабиёт, забону ҳуввияти миллӣ ифода меёбад, яъне тарбияи ҳар фарзанд низ бар дӯши модар аст. Ободии ҳар хонадон ба хиради созандаву нерӯи тавонои офарандагии зан – модар бастагии бевосита дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар хонаводаи ободу осуда тимсоли ободиву субот дар ҳар давлату ҷомеа дониста мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву корӣ барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Тавре зикр гардид, модарону хоҳарон ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр, нақши беандоза доранд.
Сипас баҳри болидарӯҳии бонувону модарон ва иштирокчиён дастагули суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ