image

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор шуд

date_range13.03.2023, 13:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳо баро интихоби касб ва ихтисосҳои замонавӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Хатмкунандагон тавонистанд бо шароити таълиму тарбия, синфхонаҳо, марказҳои компютерию забономӯзӣ, китобхонаи электронӣ ва инчунин бо дастоварду комёбиҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз надик шинос гарданд.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин мактаби олии касбии кишвар, дар омода намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ нақши муассир дошта, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду тамкомули донишгоҳ шароити басо мусоид фароҳам овард ва онро ба самти тозаву пурсамар ворид сохт. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳои ҳудуди пойтахт дар ин рӯз аз фаъолият ва шароити Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шинос гардиданд. Дар донишгоҳ аз рӯи 78 ихтисос мутахассис омода карда мешаванд. Донишгоҳ дорои 14 факултет ва 63 кафедраҳои тахассусиву умумдонишгоҳӣ мебошад, ки аз нигоҳи иқтидори илмӣ-омӯзгорӣ таъмин буда, дар маҷмуъ 781 нафар омӯзгорон кору фаъолият мекунанд, ки аз онҳо зиёда аз 300 нафар омӯзгорони соҳибунвон, аз ҷумла докторони илм-профессорон ва номзадони илм-дотсентон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Дар донишгоҳ шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад, ки дар он наздики 12 ҳзаор донишҷӯён аз рӯи 26 ихтисосҳо таълим мегиранд. Дар шуъбаи мазкур дарсҳо дар шакли оналйнӣ, офланӣ ва ҳузурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди факултетҳои донишгоҳ 203 синфхонаи таълимӣ, 16 синфхонаи компютерӣ, 6 адад синфхонаҳои муҷаҳҳази лингафонӣ, 25 озмоишгоҳҳои таълимӣ, 6 озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ амал менамоянд ва барои омода намудани мутахассисони мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Донишгоҳ бо беш аз 90 муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ҳамкориҳои судмандро дар самти мубодилаи донишҷӯён ба роҳ мондааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"