image

«Матбуоти миллӣ-тарғибгари арзишҳои истиқлолияти давлатӣ». Зери ин унвон дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар доир шуд

date_range13.03.2023, 14:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye185

Чун анъана, ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ бо ташаббуси Шуъбаи матбуоти даврии «Китобхонаи миллӣ» мизи мудаввар таҳти унвони «Матбуоти миллӣ-тарғибгари арзишҳои истиқлолияти давлатӣ» доир гардид.

Дар ҳамоиш ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик нахуст директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти ин сана андешаронӣ кард. Дар ҳамоиш ҳамзамон Раиси Иттифоқи журналистон, муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорон дар мавзӯҳои «Нақши матбуоти маҳаллӣ дар фазои иттилоотӣ», «Нақши матбуот дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ «, «Матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма дар шароити технологияҳои рақамӣ ва интернет», «Марҳилаҳо ва махсусиятҳои рушди матбуоти даврии замони истиқлол», «Матбуоти миллӣ – пуштибони манфиатҳои миллӣ», «Маҷаллаи Илм ва Ҳаёт тарғибгари ормонҳои илмию миллӣ» маърӯза ва доир ба паҳлуҳои гуногуни матбуоти даврӣ андешаронӣ намуданд.

Агар ба таърихи матбуот нигарем, мебинем, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, ба мисли устодон Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд. Дар саҳифаҳои нахустин нашрияҳои миллат-«Бухорои шариф», Овози тоҷик, Шӯълаи инқилоб, Самарқанд, Ойина ва ғайра зиндагиномаи халқи тоҷик инъикос ёфтааст, зикр шуд дар идомаи чорабинӣ.

Зимни баромадҳо иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар огаҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Дар охири чорабинӣ ба намояндагони ВАО, аз ҷумла шабакаҳои телевизионӣ барои ҳамкории судманд бо Китобхонаи миллӣ ва дарғибу дастоварду фаъолияти китобхона сипоснома тақдим карда шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"