Корҳои гулшинонӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ҳоло дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр кормандони сохторҳои коммуналӣ тадбирҳои бунёдкориро ба роҳ мондаанд, ки мақсади он таъмини тозагии кӯчаҳо ва зебоии шаҳр мебошад. Дар ин замина Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои н. Шоҳмансур ҳамарӯза ба нарм намудани замин ва шинонидани гулҳои мавсимӣ машғуланд. Ҳамин аст, ки ҳоло шукуфоиву сарсабзии чаманистонҳо таъмин аст.
Мавриди зикр аст, ки тадбирҳои ободонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гардидааст. Гулҳои ороишӣ бо шаклу намуди махсус шинонида шудааст, ки ба ҳусни ин мавзеъ зебоии дигарро замм менамояд. Дар ҳақиқат садҳо номгуйи гулу дарахтон кӯчаву боғ ва гулгаштҳои пойтахтро зебу оро медиҳад ва мо сокинонро бо ин накҳати гулу дарахт болидаруҳу хушҳол месозад. Гулпарварон бо тарзу усули зебо онҳоро шинонидаанд.
Бояд гуфт, ки гулкорӣ кардан низ санъат аст ва дар ин маврид тамоми хусусиятҳои он, аз ҷумла мутобиқати рангу бӯй ва табиати гулҳо дар ин ҷода ба инобат гирифта шудааст. Масъулин ҷиҳати харидории гулҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориро бо мутахассисон пеша намудаанд. То он ки шаҳри зебоманзари мо аз ин хам рангинтар гардад. Солҳои охир роҳҳои мошингард ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт таъмир гардида, канори онҳо бо гулҳои мавсимӣ тавассути нақшу нигори миллӣ шукуфон гардида, дарахтони сояфкан ва ороишӣ низ шинонида шудааст.
Дар кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои ноҳия бо тарҳи мувофиқ шинонидани гулҳои мавсимӣ ки парвариши онҳо дар гармхонаҳои муассиса ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст, амалӣ гардидааст. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия гули лола 600 ҳазор дона, гулҳои мавсимӣ 98 ҳазор, дар гармхонаҳо зиёда аз 300 ҳазор ва гулҳои садбарг зиёда аз 150 ҳазор дона шинонида шудааст. Аз ин рӯ мо шаҳрвандонро мебояд, нисбати парваришу афзоиши ин муҷизаи табиат бе тараф набошем.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ноҳия ба хотири омодагӣ ба озмуни Сайри гули лола тадбирҳои судманд амалӣ шудааст.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ