image

Иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе аз НБО Норак боздид намуданд

date_range17.03.2023, 14:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye205

Рӯзи сеюми фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон-Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои  Наврӯзӣ» чун дигар рӯзҳо ҷолибу диданӣ ҷараён гирифт. Иштирокчиёни он дар ин рӯз ба шаҳри Норак сафар намуданд.

Дар даромадгоҳи шаҳри Норак роҳбарият ва кормандони МИҲД шаҳр меҳмонону ҷавононро бо як самимияти хос пешвоз гирифтанд. Сипас ҳозирин аз Нерӯгоҳи барқии обии Норак дидан карданд.

Сипас дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак масъулини шаҳр бо ҷавонон мулоқот доир намуданд. Зимни мулоқоти навбатӣ ҳозирин сухан карда зикр намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Таъкид гардид, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"