image

Ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар МТМУ №58

date_range05.04.2023, 09:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye229

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» доир гардид.

Дар чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Дар идомаи баромади ширкатдорон инчунин гуфта шуд, ки имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад. Дар раванди чорабинӣ хонандагон тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуданд, ки барои огоҳии бештари таълимгирандагон заминаи мусоид мегузорад.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи хонандагони МТМУ №58 чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки писанди аҳли толор гардид.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"