Баргузории конференсия доир ба ҳифзи пиряхҳо дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба соли 2025 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Об ва ҳаёти солим» баргузор шуд.
Кори конференсия илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Об ва ҳаёти солим»- ро ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор, Гулзода Маҳмадшо Қурбоналӣ ҳусни оғоз бахшида, бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзуи “Пазируфтани пешниҳодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об ва иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид” баромад намуд.
Қайд шуд ки: “Об ҳамчун омили асосии мавҷудияти ҳаёт яке аз захираҳои асосии табиии бениҳоят муҳими сайёра ба шумор меравад. Истифодаи захираҳои обӣ, масъалаҳои марбут ба он ва ҳифзи захираҳои обӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб меёад ва ба манфиати аҳолии кишвар истифода намудани ин сарвати бебаҳо аз савияи касбии кормандони соҳа вобастагӣ дорад”.
Дар ҳамоиш намояндагони сохтору мақомоти марбута дар робита ба аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, корномаҳои мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти башар бо маърӯза дар мавзӯъҳои “Пазируфтани пешниҳодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об ва иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид”, “Идораи захираҳои об ва бехатарии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об”, “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои обии давлатҳои Осиёи Марказӣ”, “Ҳолати пиряхҳои сатҳии обанборҳои Тоҷикистон”, “Муаммои экологии обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба организми зинда”, “Ҳифзи саломатии аҳолии Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани таъминоти об”, “Об ҳамчун омили паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ”, “Тағйирёбии иқлим ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” андешаронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст, ки масоҳаташон ба 11146 км мураббаъ баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст.
Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 киллометри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд. Дар раванди ҳамоиш таъкид шуд, ки боиси сарфарозист, ки аз 22 то 24 марти соли ҷорӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид - шаҳри Ню-Йорк Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд муҳтарам Виллем Александр бо ҳамраисӣ Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”- ро баргузор намуданд.
Ҷойи таъкид аст, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабиниҳои гуногуни сиёсию маърифатӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти башар ба нақша гирифта шуда, идома дода мешаванд.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ