image

Фаъолияти Раёсати обёрии шаҳри Душанбе дар мавсими боришот

date_range07.04.2023, 09:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Бархе аз ташкилоту идора ва сохторҳои шаҳрӣ дар мавсими боришот фаъолияти худро дар асоси зиёд шудани ҳаҷми корҳо тақвият медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо Муассисаи давлатии Раёсати обёрии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, зеро пешгирии омилҳои мусоидаткунанда ба баландшавии оби наҳру селпартоҳо ба фаъолияти шабонарӯзии онҳо вобаста мебошад.

Дар фасли баҳор бо инобати боронҳои шиддатнок зиёд шудани оби наҳру селпартоҳо аз эҳтимол дур нест. Аз ин лиҳоз иншооти обпарто бояд мунтазам аз ҷониби сохторҳои марбута тоза гардида, барои интиқоли оби боришот дар маҷрои муайян мусоидат намоянд. Тоза кардани саривақтии иншооти обпарто дар ҳудуди шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки оби борон тавассути мавзеҳои муайян ҷорӣ гардад. Ҳазора, Говкуш, Карамов, Проектная аз ҷумлаи канлу селпартоҳои шаҳри Душанбе ба шумор мераванд, ки дар ҳолати хубу корӣ ва тоза нигоҳ доштан онҳо аз ҳаргуна партов ва қуму шағал ба зимаи Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и шаҳри Душанбе вогузор гардидааст. Бо истифодаи техникаҳои коммуналӣ ҳамарӯза мувофиқи нақшаи тасдиқгардида наҳру селпартоҳои ҳудуди шаҳри Душанбе тоза карда мешавад.

Фаъолияти самарноки сохторҳои коммуналӣ имкон медиҳад, ки сар задани мушкиолти эҳтимолӣ дар пойтахт пешгирӣ карда шавад ва шароити беҳтару хубтари будубош ва ҳаракат дар шаҳр таъмин карда шавад. Вале масъулинияти сокинони шаҳр низ дар ин самт бояд бештар гардад. Ҳоло дар тавозуни ин муассисаи шаҳрӣ 18 канал, 29 селпарто ва 7 таҳшингоҳ мавҷуд аст, ки ба иттилои масъулин пурра тоза карда шуда, барои мавсими боришоти борон омода шудаанд. Ҳамчунин барои саривақт бартараф кардани ҳолатҳои ҷорӣ шудани оби борон берун аз селпартову каналҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст, ки мутахасисону кормандони раёсати обёрии шаҳри Душанбе дар мавзеҳои нисбатан мураккаб фаъолият намуда ҳолати каналу селпартоҳоро мунтазам назорат менамоянд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"