Ҳамоиши КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи пойтахт
Дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ш.Душанбе, масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили «Рӯзи Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе» мизи мудавварро таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои Душанбе» ташкил намуданд.
Қабл аз оғози мизи мудаввар дар мавзӯи «Дирӯз, имрӯз ва фардои Душанбе» намоиши филми мустанад зери унвони «Ориёншаҳр» пешкаши ҳозир гардонида шуд. Филм доир ба дастоваду пешавриҳои шаҳр омода шудааст.
Кори мизи мудаввар бо суханони ифтитоҳии роҳбарияти КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур оғоз гардид. Дар кори мизи муддавар намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ходими давлатӣ, академик Олимов Кароматулло, аъзои фаъолони ҳизб, ходимони илм ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва бо азму иродаи қавии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъулиятшиносиву поквиҷдонии Раиси ш.Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имруз пойтахти кишвар бо зебоии худ ба як шаҳри ободу пешрафтаи дунё табдил ёфтааст. Инчунин зимни баромади дигари иштирокчиён гуфта шуд, ки шукронаи Ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Биноҳои зебои замонависохт имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае замм мекунад.
Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шащри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст. Душанбе шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад ва дар ҳоли рушду пешрафт қарор дошта, барои сокинон гароити созгори истиқомат муҳайё мебошад.
Дигар масълаҳои рушду ташаккули шаҳри Душанбе дар идомаи кори мизи мудаввар баррасӣ шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ