image

Вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури бо кормандони Маркази тиббии шаҳрии №3

date_range17.04.2023, 10:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

Баррасии мушкилоту дастоварди сокинон, дастрасии аҳолӣ ба хизмтарасониҳои тиббиву иҷтимоӣ, фаъолияти муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия аз ҷумлаи мавзуъҳои баррасишуда дар мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ бо кормандони Маркази тиббии шаҳрии №3 буд.

Таъкдид гардид, ки ҳоло шароити ташхису табобат дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе беҳтар шудааст ва кормандонро зарураст, ки хизматраосниро ба аҳолӣ бо истифодаи он дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд. Инчунин дар идома доир ба риояи сару либоси ягонаи корӣ дар ҳудуди муассиса ва майли бархе аз занону духтарон ба фарҳанги либоспӯшии бегона низ ибрози андеша сурат гирифт.

Таъкид шуд, ки мо тоҷикон дорои фарҳанги бою қадима буда, ҷузъи асосии он либоси миллӣ аст, ки то ба имрӯз ба мо мерос мондааст. Аз ин рӯ бонувонро зарур аст, ки бо бар намудани либоси миллӣ баҳри ҳивзи арзишҳои фарҳангӣ саҳм гузоранд.

Дар идомаи вохурӣ инчунин зимни баромади дигари иштирокчиён доир ба масъалаҳои дигар хоҷагидории шаҳр ва баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ таҳилу баррасиҳои амиқ аз ҷониби иштирокчиён сурат гирифт.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"