image

Баргузории маҳфили адабӣ таҳти унвони “Биё, то ҷаҳонро ба бад наспорем” дар Академияи идоракунии давлатӣ

date_range17.04.2023, 11:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye179

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ бо ташаббуси Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Армуғони сулҳ” чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

“Биё, то ҷаҳонро ба бад наспорем” таҳти чунин унвон маҳфили адабӣ ва чорабинии фарҳангӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ бо иштироки роҳбарият, кормандону омӯзгорони Академия ва хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби шунавандагони курси азнавтайёркунӣ ва шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода, баргузор гардид.

Сараввал аз ҳаёт ва фаъолияти Хосият Вализода сухан рафт. Гуфта шуд, ки ин бонуи суханпардоз дар домони гулшани адабиёти ҳазорсолаи сарзамини тоҷикон чун сарви болида қад кашидааст. Хосият Вализода касби падарро интихоб кардааст. Ӯ духтари шоир ва мутриб Саидалӣ Вализода буда, ишқи Ватан сарманшаи эҷоди эшон аст.

Дар идомаи чорабинӣ шоираи ваҳдатсаро, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Шамсуддин Шоҳин, раиси Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии “Армуғони сулҳ” аз эҷодиёти худ шеърҳо дар васфи Тоҷикистон, Ватан, ваҳдат, сулҳу субот қироат намуд.

Ҳамчунин, меҳмонони чорабинӣ аз ашъори шоираи маҳбуб Хосият Вализода сурудҳо суруданд ва шеърҳои ватандӯстонаву ваҳдатсароёнаи ӯро шарҳ доданд. Қайд карда шуд, ки ашъори шоира саршори васфу тараннуми Ватан, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ мебошад.

Шоираи маҳбуб таввасути шеърҳои дилнишини худ дар дили мардум ҷой ёфта, дар шеърҳояшон бештар васфи Ватан, Модар, Сулҳу Ваҳдат, дустию рафоқат, ва дигар арзишҳои миллиро таҷассум менамояд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"