Мулоқоти масъулини ноҳияи Фирдавсӣ доир ба ифротгароӣ дар МТМУ №17
Мулоқоти навбатии гурӯҳи таблиғотӣ дар муассисаи таҳислоти миёнаи умумии №17 баргузор шуд. Дар он роҳбар ва аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаҳои Дӯстӣ, Алачабофон ва Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуда, дар он доир ба арзишҳои истиқлол ва дастовардҳои 31 соли он сухан гуфта шуд. Тавре зикр шуд, дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ҳама бахшҳо дастовардҳо назаррас буда, кишвари мо ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардидааст ва сатҳи зиндагии сокинон низ беҳтар гардидааст.
Ширкатдорон зимни баромади худ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ба риштаи таҳлил кашида, аз ширкатдорон даъват намуданд, ки ба қадри ин ҳама ободкориву созандагиҳо бояд расид.
Ташкили чунин мулоқотҳоро масъулини МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони дигар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия низ ба нақша гирифтаанд.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ