Аёдати сарбозон аз ҷониби масъулини ноҳияи Сино ва ташкили саёҳати ҷавонони синни даъватӣ ба қисмҳои низомӣ
Артиши миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлол, аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошад. Бо мақсади руҳбаланд намудани сарбозону афсарон ва огоҳӣ ёфтан аз шароити хизмат ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино тадбирҳои муҳими фарҳангию маърифатӣ ва маишӣ ташкилу баргузор карда мешавад. Ин навбат дар доираи чунин ташаббус масъулини ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо Раёсати ташкилоти идоракунии фонди манзили «Зарафшонкомунал 116» аёдати волидони сарбозон ва саёҳати хонандагонро дар Қисми ҳарбии Гвардияи миллӣ созмон доданд.
Ҳайати меҳмонон нахуст аз толор, хобгоҳи сарбозон, ҳуҷраи маишӣ ва дигар имконоти мавҷуда дар ин қисми низомӣ боздид карданд. Таъкид гардид, ки ташкили вохӯриву дидорбинӣ бо иқдоми масъулини ноҳия ва сохторҳои марбута ба хотири тақвияти ҳисси ватандӯстии сарбозону афсарон ва беҳтар намудани корҳои тарғиботӣ баргузор карда мешавад. Ҷалби ҷавонони сини давъатӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва шиносии онҳо ба ҳаёти сарбозон барои бештар намудани сафи ихтиёриён заминаи муосид фароҳам менамояд.
Ҷойи таъкид аст, ки дар раванди ин тадбири маърифатӣ дар баробари масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва Раёсати ташкилоти идоракунии фонди манзили «Зарафшонкомунал 116» падару модарони сарбозоне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат менамоянд ва ҷавонони сини давъатии ин минтақаи ноҳияи Сино ширкати фаъол доштанд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино зимни баромад дар назди сарбозону афсарони ин қисми ҳарбӣ аз роҳи тайнамудаи Қувваҳои мусаллаҳои мамлакат ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Артиши миллӣ бо таваҷҷуҳу датгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба як ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, дар сафҳои он ҷавонони ватандӯсту аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҳамаҷиҳата обутобёфта хизмат мекунанд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ бо мақсади болидарӯҳии сарбозону афсарони қисми низомӣ бо иштироки аҳли ҳунар барномаи рангини фарҳангӣ манзур карда шуд. Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби сарбозону афсарон бо хушнудӣ пазироӣ гардид. Ҳаминтавр ҷавонон бо ҳаёти якрӯзаи сарбозон ба таври комил шинос шуданд.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ