image

БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ СОХТОРҲОИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР БО КОРМАНДОНУ СОҲИБКОРОНИ МАРКАЗИ САВДОИ "САДБАРГ"

date_range04.05.2023, 09:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye181

Дар доираи нақшачорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти намояндагони сохторҳои н.Шоҳмансур бо масъулин ва соҳибкорони Маркази савдои Садбарг ташкилу роҳандозӣ шуд.

Дар мулоқот баробари дуруст ба бар кардани либоси миллӣ ва пос доштани ин арзиши воло, масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, бегонапарастӣ, одоби шаҳрнишини, таълими дурусти фарзандон, риояи қонуну қарорҳои амалкунанда ва дигар мавзӯъҳои доғи рӯз баррасӣ гардиданд.

Тавре гуфта шуд, либоси миллӣ дар баробари забону фарҳанг аз рукнҳои асосии ҳастии миллат маҳсуб мешавад.

Дар мулоқот иброз гашт, ки ҳар як сокини кишварро зарур аст, бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳамаҷонибаи Қонунҳои қабулгардида саҳмгузор бошад. Падидаҳои номатлубе, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин рӯз аз рӯз авҷ гирифтани гуруҳҳои ифротгаро мебошанд, ки бештар ҷавононро ба ин роҳ мебаранд, ки зимни суханронӣ намояндагон ба саҳми ҳозирин расониданд.

Ҳамчунин доир ба пешрафту шукуфон гардидани кишвари маҳбубамон ва пойтахти он шаҳри Душанбе сухан рафт. Дар ин росто гуфта шуд, ки бунёди боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ таъмиру азнавсозии роҳҳо дар пойтахт ин муҳайё намудани сокинону меҳмонон ба зиндагии шоиста мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ва шаҳрдори Душанбе анҷом дода шудаанд.

Теҳрон Файзов

"ТВ ДУШАНБЕ"