image

«Таъсири психологии терроризм ва экстремизм ба руҳияи ҷавонон». Машварати равоншиносон дар МТМУ №35

date_range08.05.2023, 19:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-и н.Шоҳмансур вохӯрии равоншиносон бо омӯзгорону хонандагони синфҳои 8-11 дар мавзӯи «Таъсири психологии терроризм ва экстремизм ба руҳияи ҷавонон» доир гардид.

Шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гуруҳҳои тундгаро аз ҷумлаи амалҳои номатлуби инсонӣ мебошад. Бо мақсади фаҳмонидани хатари ин гурӯҳҳо ва тақвияти ҳисси худшиносии хонандагон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-и н.Шоҳмансур машварат баргузор шуд.

Дар вохурӣ равоншиносон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки имрӯз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамеша пайи субботу созандагӣ нигаронида шуда, барои ҳар як шаҳрванд шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст. Имрӯз ҷавонон бояд бо дарки масъулият, саддоқату дӯстӣ, якдиливу эҳсоси ҳамдигарфахмӣ эҳтироми халқияту миллатҳои гуногуни сайёраро қарзи виҷдонии хеш шуморанд. Ифтихори мо Ватани мост, модари мост, осудагиву ваҳдат ва истиқлоли мост, сарвари хирадманду сулҳофари мост.

Инчунин гуфта шуд, ки Ҷавонони имруза дар паҳлуи тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти Ҳифзи ҳукуқ қарор дошта вобаста ба ҳама гунна омилҳое, ки ба субботу амнияти кишвар халал ворид месозанд, муборизаи беамон бурда, тамоми нерӯ ва ҳастии худро баҳри ояндаи давлати ҷавонамон равона мекунанд.

Ҳамзамон вобаста ба таъсири равонӣ ба афкори ҷавонон ва роҳҳои мубориза бо он мавриди баррасии ширкатдоон қарор дода шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"