image

Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид

date_range08.05.2023, 15:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye195
Дар Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.

Форумро бо сухани ифтитоҳи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини Раиси девони вазирони Туркманистон Ботир Атдаев оғоз намуданд.

Зимни суханронии худ муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон бо кӯшишҳои тарафайн рушд намуда, дар натиҷаи сафарҳои мутақобила пайваста ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи баланди тараққиёт расидааст.

«Баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, инчунин баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиву сармоягузорӣ мусоидат менамояд», — тазаккур дод ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Туркманистон соли 2022 52,9 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 30,7 миллион доллар ё 2,3 баробар зиёд шудааст. Дар Форуми мазкур беш аз 250 нафар аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои афзалиятнок иштирок намуданд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, логистика, нақлиёт ва комуникатсия муаррифӣ карда шуд. Дар фарҷоми Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Иштирокчиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳама соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.