Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
ш.Душанбе. 10.05.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедовро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини давлатии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов ба кишвари мо дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи маҷмӯи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин густариши робитаҳои байнипарламентӣ ботаваҷҷуҳ ба сӣ соли равобити дипломатии байни ду давлат, мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарии минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ