Баргузории ҳамоиши гирандагони стипендияҳо дар шаҳри Душанбе
Аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Сарраёсати маорифи пойтахт ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ шуд, ки дар он намояндагони МИҲД-и ш.Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, роҳбарияту масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Сарраёсати маорифи шаҳр ва гирандагони стипендия иштирок доштанд.
Зимни суханронии масъулин бо муроҷиат ба стипендиантҳо иброз гардид, ки шумо насли хушбахти замон бояд аз он ифтихор дошта бошед, ки дар чунин мамлакати орому осуда ва зери сиёсати хиратмандонаи роҳбарияти олии кишвар умр ба сар мебаред. Аз ин рӯ аз ин имкониятҳое, ки барои шумо муҳайё гардидаанд истифода намуда фарзандони баруманди Ватан бошед.
Тибқи иттилоъ гирандагони стипендияҳо дар соли хониши 2022-2023 дар сатҳи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он -аз ҷумла стипендияи Президенти 320 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёну муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ташкил медиҳанд. Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, 240 нафар, аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе мебошанд ва стипендияи Раиси ноҳияҳо ба 146 нафар аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ расидааст.
Дар идома як қатор фаъолҷавонон ва масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Гирандагони стипендия дар соли хониши 2022-2023 дар умум дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот 706 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 427 нафарро духтарон дар бар мегиранд.
Идомаи ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендияи раисони ноҳияҳо, Раиси шаҳр ва Президентӣ таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Иштирокчиён дар баробари шиносоӣ бо нигораҳои таърихӣ ва расму оини қадимаи тоҷикон бо ҳамдигар дар мавзӯҳои гуногун суҳбатҳо оростанд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ