image

Баргузории мудаввар таҳти унвони «Пойдории оила сарчашмаи устувории ҷомеа» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила

date_range13.05.2023, 18:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye199

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе бахшида ба таҷлили Рузи байналмиллалии оила мизи мудаввар таҳти унвони «Пойдории оила сарчашмаи устувории ҷомеа» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар н. Шоҳмансур, вакилони Маҷлиси вакилони халқи н.Шоҳмансур, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷавондухтарону ҷавонписарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Мақсад аз таҷлили ҷашни оила – ин ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Зикр рафт, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёббанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро «Соли оила» эълон намуда буданд.

Инчунин гуфта шуд, ки он ба сифати хурдтарини ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири онн пурмасъулият ва огоҳона дар муомилавуу муносибат бошанд.

Ҳамзамон зимни баромади иштирокчиён зикр гардид, ки Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандоне, ки ҳамарӯза аз ин дабистоне, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Таъсири оила ба инкишофи минбаъдаи шахсият ҳиссагузор мебошад.

Дар охири чорабинӣ КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур дар ҳамдастӣ бо Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия расми қайди таваллуди ду тифли навзод аз оилаҳои ҷавонро дар вазъияти тантанавӣ гузаронида, шаҳодатномаи онҳоро тақдим намуданд.

Ҳаминтавр ҳамоиши ҳизбиёни ноҳияи Шоҳмансур ба муносибати Рӯзи оила дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд.

Саодат Тоирӣ

"ТВ Душанбе"