Таҷлили Рӯзи байнамилалии оила зери унвони «Оила-макони меҳру муҳаббат» аз ҷониби МИҲД шаҳри Душанбе
Чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ зери унвони «Оила-макони меҳру муҳаббат»-ро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ифтитоҳ намуд. Қайд гардид, ки дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигоҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандон, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 майи соли 2023 «Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Душанбе» чорабинии маърифатӣ-фарҳангиро таҳтиунвони «Оила-макони меҳру муҳаббат» бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз соҳаҳои гуногуни ҷомеа баргузор намуд.
Роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва оилаҳои намунавиро ба ин муносибат табрик намуданд. Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд.
Дар идома аз ҷониби масъулин ба 2 ҷуфте, ки ҳамакнун оила барпо намуданд, шаҳодатномаҳои ақди никоҳ тақдим гардида, ҳамзамон ба тамоми оилаҳои намунавие, ки дар маҳифли имрӯза иштирок доштанд, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуд.
Сипас баҳри иштирокчиёни чорабинӣ барномаи зебои консертӣ пешниҳод шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ