image

МИҲД ноҳияи Шоҳмансур чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Оила сарчашмаи муҳаббат» доир намуд

date_range16.05.2023, 10:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye218

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии Оила бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Оила сарчашмаи муҳаббат» доир гардид.

Дар чорабинӣ оилаҳои собиқадор, оилаҳои ҷавон, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар оғози чорабинӣ аз дастовардҳои оилаҳои намунавии ноҳия дидан намуданд.

Дар оғози чорабинӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳияи Шоҳмансур изҳор дошт, ки оила ниҳоди қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳиме дар ҷомеаи инсонӣ дорад. Оила беҳтарин сохтор барои баркамол расидани фарзандон аст. Фарҳанги накӯи оиладорӣ аз суннатҳои деринаи тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Дар рафти чорабинӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба зиёда аз 10 нафар оилаҳои собиқадор ва намунавии ноҳия, ки зиндагии хуб ва зеборо гузаронидаанд, туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур тақдим шуд.

Ҳамзамон ба 2 нафар тифли навзод низ дар вазъияти идона шаҳодатномаҳои таваллуд супорида шуд.

Сипас барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи масъулин пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи МИХД-и н.Шоҳмансур ба собиқадорон ва фаъолони ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.