image

Роҳу воситаҳои тақвият бахшидани тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ

date_range17.05.2023, 17:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye189

“Роҳу воситаҳои тақвият бахшидани тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар партави Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олӣ” таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар ҳамоише, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид, меҳмонон аз Дастгохи Марказии ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Душанбе ва ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷамъомади навбатӣ масъулин сухан карда зикр доштанд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро бошад ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада таъкид карданд, ки дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.

Инчунин Пешвои миллат низ дар ҳама баромадҳояшон махсусан қайд менамоянд, ки «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Дар ин замина талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Дар идома таъкид шуд, ки бо истифода аз ин дастгирию ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"