ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН БО ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯИ ПОЙТАХТ
ш.Душанбе.19.05.2023. Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар қисмати расмии он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Бароталӣ ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки саҳм ва мавқеъи кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, ҳамзамон тарғиби маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хело назаррас буда, талошу кӯшиши шабонарӯзии онҳо имрӯз самараи хуб ба бор овардааст.
Дар ин замина дастгириву таваҷҷуҳи ҷавонпарварони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти солиму созанда ба воя расонидани насли наврасу ҷавон таъкид карда шуд.
Дар идома ба як қатор ҷавонони фаъол, ки дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба синни муқаррагардида қадам ниҳоданд, шиноснома ва ба кормандони ҷавони милитсия рутбаҳои навбатии хизмати супорида шуд.
Дар фарҷом барои саҳми арзанда, ҳамкориҳои судманд, хизматҳои назаррас ва намунавию ибратбахш як қатор кормандони ҷавони милитсияи пойтахт бо Раҳматнома, Ифтихорнома ва сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ