image

Сеюмин конфронси илмӣ-амалии олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид

date_range20.05.2023, 13:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye265

Рушди соҳаи илму маориф, инноватсия ихтирооту навоварӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи табиқи барномаҳои соҳавӣ таъмин гардид. Дар ин давра сафи олимон ва номазадҳои илм аз ҳисоби  лаёқатманд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон афзуда, муҳаққиқон ба корҳои илмӣ бештар ҷалб гардиданд.

Муҳаммад Ҳайдарзода магистранти курси якуми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии Беҳтарин донишҷуи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 2023, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд иштирок карда, дар бахши илм бо гирифтани мақоми намоён барандаи озмуни мазкур гардида, бо дипломи дараҷаи 1 шаҳодатнома ва медали сарисинагии Беҳтарин донишҷӯйи ИДМ 2023 гардид. Ба номбурда аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ дипломи дараҷаи 1 шаҳодатномаи ин озмуни байналмилалӣ тақдим карда шуд.

Сипас бо иштироки васеи олимону муҳаққиқони ҷавон семюмин конфронси илмӣ амалии олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва 20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020 2040 баргузор гардид.

Таъкид карда шуд, ки саҳми олимони ҷавон дар рушди илми донишгоҳ, пешбурди корҳои илмию татқиқотӣ бузург мебошад. Олимони ҷавон дар ҳама самтҳои илм бахусус фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ корҳои илмию тадқиқотиро ба роҳ монда, дар ин самт фаъолияти назаррас намуда истодаанд.

Баланд бардоштани тафаккури техникии насли наврас талаботи замони муосир буда, ин рисолат аз омӯзгорон заҳмати зиёд талаб мекунад. Бо назардошти ин дар мамлакат Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудаст.

Ин пешниҳоди дурбинонаи роҳбари давлат дар оянда барои ҳарчи бештар ҷалби намудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба фанҳои табитшиносӣ заминаи воқеӣ гузошта, дар оянда дар равияҳо мутахассисони ботаҷриба омода карда мешавад.

Аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ собиқадорони соҳа ҳавасмандгардонда шуданд, ки ин нишонаи қадрдонию расидан ба меҳнати пуршарафи онҳо дарак медиҳад.

Саодат Тоирӣ

"ТВ Душанбе"