image

Баргузории машварати илмӣ дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон

date_range23.05.2023, 11:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye257

Дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи нақша-чорабиниҳо пайваста мулоқоту чорабиниҳои судманд доир карда мешавад. Ин навбат бо мақсади омӯзиши омӯзгорон ба раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии Маркази миллии тестӣ машварати илмӣ сурат гирифт.

Дар семинар роҳбарияти Марказ, устодони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, ва омӯзгорони муассисаҳои олии кишвар ширкат намуданд. Ҷамъомад дар доираи лоиҳаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба омӯзиш ва омодасозии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имтиҳонҳои мутамаркази Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳҳои олии Тоҷикистон баргузор гардид.

Устодон аз Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар семинар иштирок намуда тарзу усули дохил шудани доавталабон ба Донишгоҳҳои кишварро фаҳмониданд.

Таъкид рафт, ки омӯзгорон худ бояд оид ба тарзу усули дохилшавӣ ба имтиҳонҳои мутамаркази Маркази миллии тестӣ маълумоти кофӣ дошта бошанд то, ки хонандагони онҳо ба мушкилӣ дучор наоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов довталабон ҳам тариқи имтиҳонҳои мутамаркази Маркази миллии тестӣ санҷиш супорида ҳамзамон дар ҳузури устодони Донишгоҳ ба таври ҳузурӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"