Ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе 4 Кенгуруи Австралиягӣ ворид гардид
Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот» яке аз боғҳои тамошобоб ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза сокинони мамлакат ва сайёҳон ба тамошои ин боғ омада, фароғат мекунанд. Падару модарон фарзандони худро ба ин макони зебо барои дилхушии онҳо меоранд. Масъулини боғ азм доранд, ки шароити беҳтари истироҳатро барои фароғаткунандагон фароҳам намоянд.
Дар марҳалаи навбатӣ ба «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе 4-Кенгуруи Австралиягӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ворид карда шуд. Гуфта мешавад, ки ҳамзамон аз оғози соли равон 3 гӯсфанди доланди Хитойи ворид карда шуданд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар «Боғи хайвонот» 6 шуъба, аз қабили шуъбаи ҳайвоноти ваҳшӣ, шуъбаи ҳайвоноти ҷуфтсум, шуъбаи парандаҳои ваҳшӣ, шуъбаи парандаҳои хонагӣ ва экзотикӣ, шуъбаи маймунҳо ва шуъбаи акватерариум фаъолият дорад, ки дар онҳо 131 номгӯи паррандаю ҳайвонот аз қабили турна, товусу мурғобӣ, шутуру оҳу, ва морҳои гуногун мавҷуд мебошад, ки ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Тибқи иттилоъ шумораи умумии паррандагону ҳайвоноти дар боғ мавҷудбуда ба 1041 сар мерасад ва мувофиқи нақша дар оянда зиёд намудани онҳо дар назар гирифта шудааст.
Ба муносибати Рӯзи кӯдакон дар боғ тамошои ройгони кӯдакону наврасон роҳандозӣ гардид. Ҳамзамон онҳо аз таҷҳизоту воситаҳои дилхушии боғ ба таври ройгон истифода намуданд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ