Воситаҳои танзими фаъолияти нақлиёти кироякашӣ ба шаҳр воридашванда
Бо мақсади хубтару беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт, ҳамзамон пурзӯр намудани назорати раванди фаъолияти ронандагон дар шабакаи хатҳои сайр, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бунёди терминлаҳои замонавӣ ва истифодаи он аз ҷумлаи чунин тадбирҳо аст.
Масъалаи хизматрасонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, яке аз масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, пайваста зери назари Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Дар ин росто сохтору мақомоти дахлдор чораву тадбирҳои судмандро амалӣ менамоняд.
Соҳаи нақлиёт, бахусус нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва афзалиятнокӣ ҷамъияти ба ҳисоб рафта, дар рушди нумӯи дигар соҳаҳо, алалхусус соҳаи сайёҳӣ нақши муассирро мебозад.
Баъд аз ба Истиқлолияти комили давлатӣ расидани ҷумҳурӣ, дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ бахусус нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе тағйиротҳои куллӣ ба амал омада истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади мусоидат ба таъмини фаъолияти бонизом ва беҳбуд бахшидан ба хизматрасонии нақлиётӣ, қарору барнома ва нақшаи чорабиниҳои муайянро қабул ва амалӣ гардонида истодааст.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ